Ободу зебо гардонидани ҳудуди Маркази минтақавии таълимии ААҲР АМИТ
Директори Агентӣ ва кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ (ААЯР АМИТ) даъвати шаҳрдори Душанбе барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва сабзгардонии пойтахт, ки дар ҷаласаи сеюми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи 12 декабри соли 2020 ироа гардида буд, пазируфтанд.
Бо даъвати шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободонӣ ва сабзгардонии шаҳр кормандони ААЯР 200 дарахти ҳамешасабз шинонданд.
Бо мақсади ободонии шаҳр ҳудуди Маркази таълимии минтақавии ААЯР тоза карда шуда, дарахтони хушк бо ниҳолҳои нав иваз гардиданд. Ҳамчунин майдони футбол дар ҳудуди Маркази таълимии минтақавии ААЯР АМИТ обод карда шуд.